Таъсиси Палатаи савдои Тоҷикистону Британия Кабир

11 сентября 2019 г.
83

Таъсиси Палатаи савдои Тоҷикистону Британия Кабир

Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, 9-уми сентябр дар Душанбе Палатаи савдои Тоҷикистону Британияи Кабир таъсис дода шуд.

- Он ба рушди тиҷорату савдо ва маҷрои воридшавии сармоя байни Тоҷикистону Британияи Кабир нигаронида шудааст, - қайд мешавад дар маълумоти дар саҳифаи Facebook нашршудаи палата.

“Ба ин ҳадаф мо ба воситаи муносибатҳои савдои дуҷониба, баргузории вохӯриҳо дар сатҳҳои гуногун ва тариқи рушди ташаббусҳои хизматгузорӣ ноил мегардем. Мо ба роҳёбӣ ба бозор, логистика, ташхиси ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешниҳоди машваратҳои касбӣ кумак мекунем, то ки ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими дӯстии минбаъда муосидат намоем”, - зикр мегардад дар маълумот.

Ҳамчунин дар маълумот таъкид мешавад, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта 7,3%-ро ташкил дод!

Стратегияи миллии тарҳрезишудаи Тоҷикистон якчанд бахшҳои стратегӣ (савдо, саноат, кишоварзӣ, зерсохтор, нақлиёт ва логистика, маориф, энергияи барқароршаванда)-ро дар бар мегирад, ки рушди онҳо натанҳо ба иқтисоди дохилӣ, балки ба иқтисоди ҳамсоякишварҳо низ манфиатовар аст.

70170021_120496855993334_649538547103039488_n.jpg
Сурат аз Facebook

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки муносибатҳои имрӯзаи мутақобилан судманд бо ҳамсояҳо он аст, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикона ва низоми экологии мукаммалеро бунёд месозад, ки дар амалисозии лоиҳаҳои нодир ва боҳашамат дастгирии заруриро дорост.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.