Созишномаи сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ барои тасдиқ ба парлумон ирсол шуд

11 сентября 2019 г.
79

Созишномаи сохтмони пул дар болои дарёи Панҷ барои тасдиқ ба парлумон ирсол шуд

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи бо Бунёди Оғохон баимзорасидаро дар бораи сохтмони пули нав бо Афғонистон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон фиристод.

Созишномаи мазкур рӯзи 12-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Дар санад бунёди пули 180-метра бо роҳи мошингард (18,5 километр) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархор пешбинӣ шудааст. Пули нав ноҳияи Фархорро бо мавзеи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон пайваст мекунад.

Дар доираи амалисозии созишнома ҳамчунин байни ноҳияҳои Восеъ ва Фархор 50 километр роҳи мошингард сохта мешавад.

Иҷрои ин корҳо аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва “Барномаи минтақавии ҳамгиройӣ: Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон” маблағгузорӣ мешавад.

То ҳол дар болои дарёи Панҷ ҳафт пул сохта шудааст, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайванданд. Шаштои онҳо (5-то дар қаламрави ВМКБ ва 1-то дар қаламрави ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) аз ҷониби Бунёди Оғохон сохта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.