Созишнома дар бораи барқарор кардани фаъолияти “Тоҷик Азот” бо чиниҳо бекор шуд

11 сентября 2019 г.
32

Созишнома дар бораи барқарор кардани фаъолияти “Тоҷик Азот” бо чиниҳо бекор шуд

Ҳукумати Тоҷикистон амали созишномаи се сол пеш баимзорасидаро бо ширкати «Хэнань Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»-и Чин дар бораи навсозӣ ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар заминаи ҶСК “Азот” (собиқ “Тоҷик Азот”) қатъ мекунад.

Ягона дар кишвар корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд)-и вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Дар ин хусус 30-юми августи соли равон қарори дахлдори ҳукумат қабул шудааст.

Дар қарор гуфта мешавад, амали созишнома “бинобар сабаби аз ҷониби ширкати «Хэнань Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»-и Чин иҷро нашудани уҳдадориҳо” қатъ мегардад.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки барои амалисозии бандҳои қарори мазкур ва огоҳ кардани ширкати Чин дар бораи ин қарор чораҷӯӣ намоянд.

Муомилоти бебарор

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» рӯзи 3-юми сентябри соли 2016 ба имзо расида буд.

Тибқи созишномаи мазкур, бастаи назоратии (50%+1 саҳмия)-и саҳмияҳои ҶСК “Азот” ба ихтиёри» ба ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ» гузашта, ин ширкат барои барқарор кардани фаъолияти корхона бояд 360 млн. доллар сармоягузорӣ мекард. Зикр гардида буд, ки баҳори соли 2018 дар корхона истеҳсолот ба роҳ монда мешавад, лекин корҳо то ҳанӯз оғоз нагардидааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ҳанӯз зимни нишасти хабарии тобистони соли гузашта изҳор намуда буд, ки сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дастур додааст, ки агар моҳи август дар корхона истеҳсолот ба роҳ монда нашавад, шартнома якҷониба бекор шуда, бо дигар сармоягузор қарордод баста шавад.

Дар ҷустуҷӯи сармоягузорони нав

Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор сохтани фаъолияти ягона дар кишвар корхонаи истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ – ҶСК “Азот” (собиқ “Тоҷик Азот”) сармоягузории мустақим меҷӯяд.

Дар маълумотномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қайд мешавад, ки маблағи умумии сармоягузории мустақим, ки бояд ҷалб шавад, 350 млн. долларро ташкил дода, муҳлати хароҷоташро баровардан 5 сол зикр шудааст.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаро пас аз таъмиру навсозӣ то ба 1,6 млн. тонна дар як сол расонидан ба нақша гирифта шудааст.

“Натиҷаи ниҳоии амалисозии лоиҳа таъмини талаботи кишоварзони маҳаллӣ ба маҳсулоте, ки дар он истеҳсол мешавад ва содироти он ба кишварҳои ҳамсояи минтақа мебошад”, - қайд мекунанд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.

Дар назар аст, ки пас аз таъмиру навсозии корхона ҳаҷми содироти маҳсулот то 1,3 млн. тонна дар як сол расонида шавад. Аз ҷумла, содироти 1 млн. тонна маҳсулоти корхона ба Афғонистон ва боз 300 ҳазор тонна – ба Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба нуриҳои минералӣ дар як сол наздики 180 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, тайи ду соли охир Тоҷикистон аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба маблағи умумии 69 млн. доллар 352 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид кардааст.

Маълумотнома

Қобили зикр аст, ки соли 2002 миллиарлери украинӣ Дмитрий Фирташ бастаи назоратии саҳмияҳои ҶСП «Тоҷик Азот»-ро харидорӣ намуд. Корхонаи мазкур, ки саҳмияҳояш (75%) ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, давлати Тоҷикистон (20%) ва Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов (5%) марбут буд, дар пайи қазияи сиёсии ахирӣ ва ба 26 соли зиндон маҳкум шудани раҳбари Ҳизби сабтиноманашудаи “Тоҷикистони нав”, бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон тобистони соли 2014, пурра ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шуд.

Корхонаи нуриҳои азотии Вахш воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон соли 1964 ба фаъолият шуруъ кардааст. Ин корхонаи нодир имкон дорад, ки тамоми соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои минералӣ таъмин кунад. Воқеаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар боис ба он шуд, ки солҳои 1992 то 1995 корхона аз фаъолият боз монд. Аз солҳои 2008-2009 инҷониб корхона фаъолият намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.