Ширкати “Фароз” дар шимоли Тоҷикистон терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ месозад

11 сентября 2019 г.
30

Ширкати “Фароз” дар шимоли Тоҷикистон терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ месозад

Ба ширкати хусусии “Фароз” дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шуд.

Мувофиқи қарорҳои 30-юми август аз ҷониби ҳукумати кишвар қабулшуда, масоҳати умумии қитъаҳои замини ҷудошуда наздики 14 гектарро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, бо қарори ҳукумат аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Суярқул Нишонови шаҳри Панҷакент майдони умумии 4,99 гектар (4,65 гектар корами обӣ) гирифта шуда, барои истифодаи бемуҳлат бе ҳуқуқи бегонакунии ҳуқуқи истифодаи замин ба ҶСП "Фароз" барои сохтмони терминали байналмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дода мешавад.

Дар шаҳри Исфара низ ба ширкат барои бунёди чунин иншоот 4 гектар қитъаи замин ҷудо мешавад. Ин қитъаи заминҳо аз хоҷагии деҳқонии “Собирова Рано” ва кооперативи тиҷоратии ба номи Фахриддин Нуриддинов (3,53 гектар корами обӣ) гирифта мешаванд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ барои сохтмони терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилии "Фотеҳобод" ба ширкати “Фароз” 5 гектар қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонии “Абӯмуслим” дода мешаванд.

Ширкати “Фароз” барои ҷуброни талафҳои баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бояд 2,1 млн. сомонӣ (215 ҳазор доллар) маблағ пардохт намояд.

Ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки аз онҳо қитъаи заминашон гирифта мешавад, қитъаҳои ба онҳо баробар дода мешавад.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.

Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе воқеъ аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.