Саргузашти мардикорзанони Бадахшон

11 сентября 2019 г.
35

Саргузашти мардикорзанони Бадахшон

Мардикорзанони тоҷикистонӣ натанҳо дар корҳои ободонию сохтмонии кишвари худ, балки берун аз он, хусусан, дар Федератсияи Русия низ ҳиссаи сазовор доранд. Аксари онҳо ҳатто дар муҳоҷирати меҳнатӣ андешаи солимии худро накарда, ҳамеша дар фикри зиндагии шоистаи фарзандон мебошанд. Аммо имрӯз чунин тамоюл мавҷуд аст, ки баъзе мардони мо нафақат дар Русия, балки дар Ватани худ пуштибони оилаашон нестанд. Дар натиҷа бори гарони хонадон бар дӯши нозуки бонувон меафтад.

Шарофат Қарачабекова аз деҳаи Боғефи ноҳияи Шуғнони ВМКБ соҳиби ду фарзанд (як писару як духтар) мебошад. Маҳз аз ҳисоби пули дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба дастовардаи ӯ фарзандонаш зиндагиву таҳсил карда, соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Мавсуф ҳатто тӯйи хондоршавии фарзандонро аз ҳисоби маоши муҳоҷират таъмин кардааст.

Шарофат дар Русия 12 сол кор карда, дар баробари андовагари хуб будан, инчунин варзишгар ва дӯзадандаи маъруф дар Шуғнон аст. Ба гуфтаи ӯ, инсон маҳз аз бекорӣ ва наёфтани шуғли мувофиқ сусту заиф мешавад.

“Худам таҳаммули бекор нишастанро надорам ва одат кардаам, ки ҳамеша дар ҳаракат бошам. Ҷавондухтарони зиёде бо ман ҳамкорӣ мекунанд, аммо дар чараёни кор зуд хаста мешаванд. Даврае буд, ки дар риштаи варзиши сабук машқ мекардам. Дар мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешудам. Варзиш бадани инсонро солиму бардам нигоҳ медорад. Ман ҳоло ҳам аз машқу тамрин дар канор нестам”, - мегӯяд ӯ.

- Вақте ки ба муҳоҷирати кишвари Русия рафтам, баъд аз чанд сол ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) гирифтор шудам. Чунки он замон кори мо бисёр ҳам вазнин буд ва бештари вақт танҳо дар таҳхонаҳои биноҳо кор карда, аз намнокӣ бемор гаштам. Баъзан асбобу масолеҳи сохтмониро худам танҳо аз як гӯша ба гӯшаи дигар кашида, аз ин чурраи сутунмуҳра (грыжа) бардоштам. Яъне агар кор аз рӯйи музди соатбайъ сурат мегирифт, ҳам ёрдамчӣ доштему имкониятҳои дигар ҳам. Вале кор бештар дар асоси шартномаи ҳаҷмӣ роҳандозӣ шуда, корфармоён музди меҳнатро зиёдтар медоданд ва оқибати ин талафи саломатӣ буд. Ниҳоят лозим омад, ки Маскавро тарк карда, ба Тоҷикистон баргардам, - афзуд Шарофат.

Вай чанд соли охир дар кампуси шаҳри Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази тиббии Оғохон фаъолият мекард. Аммо имсол ҳар ду иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд ва барои ӯ лозим омад, то ба фаъолият дар бахши хусусӣ гузарад. Ҳоло Шарофат хонаҳои хусусиро таъмир мекунад.

“Намехоҳам муҳтоҷи касе бошам, ҳатто пайвандони наздикам. Шавҳарам – Шайдо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ҷамоати Сучон мудири шуъбаи хоҷагӣ аст ва маоши ӯ танҳо барои пардохти ҳаққи истифодаи барқу харидории озуқаворӣ мерасад. Боқӣ ҳамаи ниёзҳои хонаю пайвандонамро худам таъмин мекунам”, - мегӯяд Шарофат.

Устои корҳои сохтмонӣ Давлатноз Худоназарова дар гузашта муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буда, дар МТМУ № 89-и шаҳри Душанбе кор кардааст. Ӯ соҳиби се фарзанд (духтарон) буда, ҳамаи онҳо дар маркази ҷумҳурӣ умр ба сар мебаранд.

photo_2019-09-11_11-41-19%D0%94%D0%B0%D0%B2%D0%BB%D0%B0%D1%82%D0%BD%D0%BE%D0%B7.jpg
Устои бомаҳорат Давлатноз Худоназарова шогирдони зиёд тайёр кардааст.

Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ шароити зиндагӣ маҷбур кард, ки Давлатноз мактаби миёнаро тарк кунаду ба муҳоҷирати меҳнатии Русия равад. Ӯ дар кишвари мазкур 15 сол фаъолият намуда, дар риштаи корҳои сохмонӣ зиёда аз 200 нафар шогирдонро тайёр кардааст. Аммо бо пеш омадани мушкилоти саломатӣ, тартибу низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар Маскав ва дигар сабабҳо ба Ватан баргашт.

“Дар Русия бори аввал як украинзан ба ман кошинкорӣ, яъне кафелчаспониро ёд дод. Сонӣ худам дигар корҳои сохтмониро батадриҷ аз худ кардам. Ҳоло шогирдонам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар ҳунарҳои сохмониро ба дигарон меомӯзонанд”, - мегӯяд Давлатноз.

Ӯ дар бунёд ва таъмири биноҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе, ҷамоатхона ва маркази исмоилияи шаҳри Хоруғ, Мактаб-литсейи Оғохон, кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва даҳҳо иншооти хурду бузурги вилояту маркази ҷумҳурӣ ҳиссаи сазовор дорад.

Ҳоло Давлатноз дар Маркази тиббии Оғохон ба сифати устои корҳои сохмонӣ фаъолият дошта, 2000 сомонӣ ҳаққи маош мегирад. Аз рӯйи шартнома ӯ имкон дорад, ки дар ҷойҳои дигар ҳам ба қор ҷалб шавад, вале дар як ҷо фаъолият карданро меписандад.

Парвингул Мародасенова аз ноҳияи Роштқалъа дар Русия 14 сол ба сифати андовагар фаъолият кардааст. Ӯ низ дар гузашта дӯзанда буда, соҳиби ду фарзанд (як духтару як писар) мебошад. Мавсуф фарзандонро танҳо худаш ба воя расонида, ҳаёти худро ба ҷигабандонаш бахшидааст.

“Фарзандонамро худам калон кардам ва ҳозир яке донишҷӯю дигараш хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Мутаассифона, имрӯз теъдоде аз мардон аз ҳаёти солим фосила гирифта, дунболи айшу нӯшанд. Бинобар ин, лозим аст, ки барои беҳбудию ояндаи фарзандонамон худамон иқдом кунем”, - иброз дошт Парвингул.
photo_2019-09-11_11-41-03%D0%9F%D0%B0%D1%80%D0%B2%D0%B8%D0%BD%D0%B3%D1%83%D0%BB.jpg
Парвингул Мародасенова зимни корҳои таъмирӣ.

Воқеан, вақтҳои охир дар кӯчаву маҳаллаҳо, бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ҳатто баъзе ташкилоту муассисаҳои маҳалии шаҳр бо дучор мардони зиёде мешавем, ки рӯзро бо арақнӯшию бекорӣ мегузаронанд. Баъзан ҷавонмардони мо низ аз саҳар то бегоҳ сари роҳу паскӯчаҳо беҳуда истода, вақти пурқимматашонро талаф месозанд. Аммо бонувон бештар фикри таъмини хонаву фарзандон мекунанд ва аз ин лиҳоз зиндагии ҳаррӯзаи онҳо кайҳо боз соддаву осон нест.

Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.