Раиси вилояти Хатлон ба табрики зани 110-сола рафтааст

5 марта 2021 г.
184

Раиси вилояти Хатлон ба табрики зани 110-сола  рафтааст

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ба ифтихори Рӯзи модарон ба аёдат ва табрики Басбибӣ Яқубоваи 110-сола, сокини шаҳри Левакант рафт.

Басбибӣ Яқубова 8 марти соли 1910 дар деҳаи Сари Пули ноҳияипешинии Обигарм таваллуд шудааст ва аз соли 1959 то инҷониб дар деҳаи Эшонқишлоқи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант ба сар мебарад. 

Ба иттилоимМаркази матбуотии раиси вилояти Хатлон Басбибӣ Яқубова беш аз соли ҳаёти худро дар бахши кишоварзӣ ба ҳайси коргари хоҷагӣ гузаронидааст.

Ба гуфтаи Маркази матуботи раиси вилоят Басбибӣ Яқубова аз ин табрикоти раиси вилоят изҳори хурсандӣ кардааат.  

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин дар ин сафараш ба шаҳри Левакант ба табрики ду омӯзгори солхурда Жанна Степановаи 83-сола ва Ҳалима Болтаеваи 76-сола рафтааст

Жанна Степанова зодаи Ярослави Русия буда, аз соли 1962 ба Тоҷикистон, ба шаҳри Каленинободи пешин ва   Леваканти имрӯз кӯч баста ба шогирдон аз фанни ҷуғрофия дарс гуфтааст.

Қурбон Ҳакимзода ин омӯзгорони пуртаҷрибаю солхӯрдаро бо фарорасии Рӯзи модарон ва ҷашни Наврӯз табрик карда, барои заҳматҳояшон дар тарбияи насли наврас аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос кардааст. Ҳамчунин раиси вилоят ба ин собиқадарони меҳнат туҳфаҳо тақдим кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.