CPJ: Ҳукуматдорони тоҷик дастрасиро ба сомонаи “Азия-Плюс” бояд таъмин кунанд

11 сентября 2019 г.
39

CPJ: Ҳукуматдорони тоҷик дастрасиро ба сомонаи “Азия-Плюс” бояд таъмин кунанд

Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи журналистон (CPJ) дар мавриди дастнорас будани сомонаи агентии иттилоотии “Азия-Плюс” нигаронӣ изҳор намуд.

“Бо назардошти рейтинги пасти Тоҷикистон дар соҳаи озодии матбуот, мушкили дастрасӣ ба сомонаи агентии иттилоотии “Азия-Плюс” ва таваҷҷуҳ зоҳир нашудан дар барқарор кардани он боиси ташвиш аст”, - изҳор доштааст ҳамоҳангсози барномаи CPJ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк Гулноза Саид.

Ҳукуматдорони тоҷик бояд мушкилро ошкор ва ба таъмини дастрасӣ ба сомона кумак кунанд, то ки ҷомеа ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад, қайд мешавад дар изҳороти CPJ.

Кумита зикр мекунад, ки аз 19 август сомона ва суроғаҳои почтаи электронии нашрия дастнорасанд. То ин дам, муддати сол дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” қатъ шуда буд.

Ду домени асосии «Азия-Плюс» - news.tj ва asiaplus.tj айни замон ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Рӯзи 19 август дар сабти техникӣ ба DNS-сервери мо дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “о” рақами 0 (сифр) хато пайдо шуд.

“Ин шояд хато ё ҳамлаи киберӣ бошад, лекин Феҳристи миллии доменҳо шикояти “Азия-Плюс” ва ширкати «Eastera»-ро, ки хостингро пешниҳод мекунад, таҳқиқ накардааст”, - баён мегардад дар маълумот.

CPJ ҳамчунин ба Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки масъули доменҳо аст, низ дархости электронӣ фиристод, лекин то ҳол шарҳашро нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байналмилалӣ дар Корпоратсияи байнулмилалӣ оид ба идоракунӣ ба номҳои доменӣ ва IP-суроғаҳо (ICANN) қаблан зимни посух ба саволҳои Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки “ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои ворид шудан ба номи домейн дар сайти сабтшудааш истифода мекунад, рахна шудааст ва як шахси ғайримутасаддӣ ин нишондодро тағйир додааст. Вале мо намедонем, ки инро чӣ касе анҷом додааст”.

“Ҳамаи ҷонибҳо, яъне “худи “Азия-Плюс”, регистратор ё ниҳоди сабткунанда ва ниҳоде, ки дар он доменҳои .tj сабтином мешаванд, бояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдодаро ба роҳ монда, нуқтаҳои заъфро пайдо кунанд”, - гуфтааст Ҷошкунер.

Ба мактубу муроҷиатҳои “Азия-Плюс”, ки дар онҳо хато дар номи домени сомонаи асосӣ «Азия-Плюс» (news.tj) зикр шудааст, мақомоти дахлдор посух намедиҳанд.

Айни замон ба портали иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав - asiaplustj.info метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (бо забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (бо забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳои мо дар саҳифаамон дар Facebook https://www.facebook.com/newstj/ низ қобили дарёфт аст. Ба Дзен-каналhttps://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграми мо - https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Метавонед тариқи суроғаҳои нави мо бо “Азия-Плюс” дар робита бошед:

* Идора - [email protected]

* Радио - [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ - asiaplusr[email protected]

* Обуна ба иттилоот - [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ - [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.